5 Ноябр 2024 - 18:54
Дафтари раисиҷумҳури Эрон овозаҳо дар бораи ҷаласаи Шӯрои олии фазои маҷозиро рад кард

Муовини иртибототи дафтари раисиҷумҳури Эрон бо ишораи талвеҳӣ ба бархе овозаҳо дар хусуси тасмимгирӣ дар бораи филтринг дар ҷаласаи Шӯрои олии фазои маҷозӣ гуфт: Асосан имрӯз ҷаласаи Шӯрои олии фазои маҷозӣ баргузор намешавад ва намедонам манзур аз ахбори бархе расонаҳо чист.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Сайид Маҳдии Таботабоӣ имрӯз бо интишори паёме дар сафҳаи шахсии худ, бо ишораи зимнӣ ба бархе овозаҳо мабнӣ бар тасмимгирӣ дар бораи филтринг дар ҷаласаи имрӯзи Шӯрои олии фазои маҷозӣ гуфт: Асосан имрӯз ҷаласаи Шӯрои олии фазои маҷозӣ баргузор намешавад. Манзур аз ахборе ки дар бархе расонаҳо мунташир мешавад чист, намедонам.

Дар соатҳои гузашта бархе каналҳои хабарӣ муддаӣ шуданд, имрӯз - 5 ноябр (15 обон) дуюмин ҷаласаи Шӯрои олии фазои маҷозӣ дар давлати чаҳордаҳум баргузор мешавад ва қарор аст тасмимоти муҳиме дар бораи филтринг гирифта шавад.

342/